Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷ. Буш: “НАТО аз узвияти Гурҷистон фоида хоҳад кард”


Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ва раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ

Раисҷумҳури ИМА Ҷорҷ Буш ва раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ

Ҷорҷ Буш гуфт, дар нишасти навбатии паймони НАТО масъалаи оғози раванди пазироиши Гурҷистон ба ин созмонро ташвиқ хоҳад кард.

Ҷорҷ Буш зимни мулоқоташ бо раҳбари Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ гуфт, “ман бовар дорам, ки узвияти Гурҷистон ба фоидаи НАТО хоҳад буд. Ман бовар дорам, ки, агар Гурҷистон ба НАТО шомил гардад, ин ба нафъи Гурҷистон аст” - таъкид намуд ӯ.
Раҳбари Амрико инчунин ба пайдо кардани роҳи ҳалли мусолиматомези баҳси миёни Тифлис ва ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон – Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ – даъват кард.
Дар ҳамин ҳол, Тифлис умедвор аст, ки кишварҳои узви паймон дар нишасти Бухарест (2 – 4-уми апрел) нақшаи оғози раванди қабули Гурҷистонро бипазиранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Русия мухолифи ба НАТО пайвастани кишварҳои собиқ шуравӣ буда, тавсиъаи паймонро ба самти марзҳои Русия дахолат ба доираи манфиъатҳои стротежии худ медонад.
Ба гуфтаи Ҷорҷ Буш, мақоми Гурҷистон дар нишасти Бухарест мушаххас мегардад ва, албатта, оғози раванди узвият ин ҳанӯз узвият дар паймон нест, танҳо равандест, ки робитаҳои кишварҳои узви НАТО-ро бо чунин кишварҳо осонтар мекунад.
Дар сухани ҷавобии худ Михаил Саакашвилӣ ИМА ва шахсан раисиҷумҳур Бушро барои кумак ба Гурҷистон ташаккур кард:“Замоне ки ман суханронии шуморо дар Варшава шунидам, ман ҳоло раисиҷумҳури Гурҷистон набудам. Шумо дар бораи озодӣ дар минтақаи аз баҳри Балтик то баҳри Сиёҳ мегуфтед. Ба назар мерасид, ки ин як нутқи бисёр хаёлӣ ва иҷроношуданӣ буд, чунки ин замон ҳеҷ кас намехост рӯи мо ҳатто фикр кунад. Ба фикри ман, ба хотири мардуми кишварҳоямон, ба хотири арзишҳои муштаракамон, ба хотири онки ИМА барои ҳамаи мо чи аҳаммият дорад мо муваззафем он нақшаи овардани озодиро то охир анҷом диҳем».
Вошингтон хоҳиши собиқ кишварҳои шуравӣ, ба монанди Гурҷистону Украина, барои ҳамроҳ шудан ба паймонро дастгирӣ мекунад, вале баъзе кишварҳои муҳимми узви НАТО, аз ҷумла Олмону Фаронса, мухолифи ин иқдоманд.
Узвияти Украина ва Гурҷистон дар паймон имкон дорад, ки танҳо баъд аз чанд сол амалӣ шавад, ва ҳатто ҷонибдорони он мутмаъин нестанд, ки дар нишасти Бухарест ба Киеву Тифлис ҳатто ширкат дар барномаи ҳамкорӣ бо НАТО пешниҳод карда шавад.Интизор меравад, ки дар маҷмаъи умумии НАТО дар моҳи апрел раисҷумҳури кунунии Русия Владимир Путин низ ширкат варзад.
Таҳлилгарон мегӯянд, албатта, Маскав наметавонад пеши раванди узвияти Украина ва Гурҷистон ба паймоин НАТО-ро бигирад, аммо ин амал метавонад ба робитаҳои Русия бо кишварҳои узви ин паймон таъсири манфӣ бирасонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки эълони истиқлоли Косово ҳамакнун танишҳо байни НАТО ва Маскавро афзудааст.
XS
SM
MD
LG