Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба фарқ аз раисҷумҳури Амрико, ки ҷанг бо Ироқро тасмими дуруст ҳисобидааст, як рӯзнома онро чи барои Ироқ ва чи барои минтақа «як тарҳи ноком» номидааст.

Воқиъан, дар ҳоли ҳозир дар матбуъоти Ғарб дар мавриди натоиҷи ҷанги Ироқ бештар ҳарфҳои интиқодомез ба чашм мерасад.
«Washington Post» бо ёдоварӣ аз панҷумин солгарди шурӯъи ҷанги Ироқ ва сипарӣ шудани 1 сол аз стротежии ироқии нави Буш менависад, ин ҷанг як «лоиҳаи номуваффақ» барои Ироқ ва ҳамин тавр, тамоми минтақа аст, ки ҷони ҳазорон нафарро даррабуда ва ним триллион доллар харҷ доштааст. Бо вуҷуди ҷорӣ шудани стротежии нави марбут ба Ироқи раисҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш, шумори низомиёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба 30 000 нафар афзуд, худи маъмурияти Буш ҳам иқрор мекунад, ки истифода аз нерӯи бештар низ барои ба созиш омадани ҷонибҳои даргири сиёсӣ дар Ироқ мусоъидат накард.
Матлаби бузургҳаҷми худро «WashingtonPost» бо назархоҳиҳои ҷомиъашиносии анҷомёфта хулоса мекунад. Дар соли сипаришуда афкори ҷамъиятӣ дар арзёбиҳои вазъи Ироқ як каме тағйир хӯрда ва ба истилоҳ «беҳтар» шуд. Вале сарфи назар аз ин, натоиҷи назарсанҷиҳои нашрия ҳокии он аст, ки аз се ду ҳиссаи пурсидашудаҳо ҷонибдори аз хотимаи ҷанг дар Ироқ ҳастанд. Камтар аз нисфи онҳо, 43 дарсад, бар ин назаранд, ки Амрико дар масъалаи Ироқ ба рушди назаррас ноил шудаанд, аммо аксарият ҳанӯз ҳам иддаъо доранд, ки ҷиҳатҳои хуби ҷанги Ироқ, ба ҳар ҳол, масрафоти Амрикоро рӯпӯш намекунад.
«The New York Times», таваҷҷуҳи хонандагони худро ба ҷанбаи молии масъала ҷалб карда, таъкид мекунад, ки хароҷоти ҷанги Ироқро маъмурияти Кохи Сафед аз қабл ҳатто тахмину тақрибан ҳисоб накарданд. Дар оғози ҷанги Ироқ Ҷ. Буш эълон дода буд, ки барои сарнагун кардани Саддом Ҳусейн ва эъмори ҳукумати нави Ироқ ҳудудан то 60 миллиард доллар масраф мешавад. Аммо бо гузашти 5 сол Пентагон хароҷоти ҷанги Ироқро 600 миллиард доллар арзёбӣ кард, менависад «The New York Times».
Маъмурияти феълӣ ва мухолифони он – довталабони курсиҳои раёсатҷумҳурӣ аз ҳизби демократ – мавзӯъи ҷанги Ироқро ба сурати густарда бар манофеъи худ истифода мекунанд.
Дар ҷараёни маъракаҳои қаблазинтихоботӣ номзадҳои демократ сенаторҳо Барак Обама ва Ҳилларӣ Клинтон борҳо таъкид кардаанд, ки пули барои ҷанги Ироқ сарфшаванда беҳтар аст барои эҳтиёҷоти худи Амрико харҷ шавад. Рӯзи сешанбе хонуми Клинтон хароҷоти низомии Амрико дар Ироқро дар 5 соли гузашта беш аз 1 триллион доллар арзёбӣ кард. Вай гуфт, ин миқдор маблағ барои кумаки тиббӣ ба 47 миллион амрикоии ниёзманд, таъмини кӯдакони амрикоӣ бо муассисаҳои муъосири таълимӣ, ҳалли мушкилоти манзил, сохтмони донишгоҳҳо ва коҳиши мизони молиёт барои даҳҳо миллион хонаводаҳои камбизоъати Амрико метавонист мусоъидат бикунад, – иқтибос меорад «TheNewYorkTimes» аз қавли Ҳ. Клинтон.
Аммо нашрияи «FinancialTimes» бо нашри барномаи интихоботии Ҷон Маккейн, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, менависад, ки ИМА бояд намунаи олии демократия ва ҷомиъаи мардумсолорӣ бошад. Ӯ меафзояд, кишварҳоеро, ки давраи гузариш ба демократияро ба сахтӣ пушти сар мекунанд (назири Ироқ, Афғонистон ва Лубнон) мебояд дастгирӣ кард. Ба бовари ӯ, ин кишварҳо шоистаи пуштибонӣ, аз ҷумла пуштибонии молӣ, ҳастанд ва масрафи ҳама гуна маблағ ба ин кишварҳоро барои расидан ба ҳадафҳо Амрико ироъа мекунад.
Дар ҳамин ҳол, шореҳи нашрияи «DerStandard» (Утриш) Гудрун Ҳаррен ҳатто тасаввур кардани Ироқи моил ба демократия ва давлатдории ҳуқуқбунёдро берун аз имкон хондааст. Ҳарчанд тарҳи марбут ба Ироқи Амрико мувоҷеҳ ба «фиаско», яъне шикасти комил, нашудааст, аммо нобарор будааст, ин нокомии Амрико дар тамоми Шарқи Наздик аст, – иддаъо мекунад Ҳаррен. «Бо гузашти 5 сол, ба истилоҳ, озодиву истиқлоли Ироқ, ин кишвар дубора ба қадим меравад. Хушунату зӯроварӣ, кашмакашҳо дар Ироқ ҳанӯз идома дошта ва барномаҳои миллии рушди ин кишвар иҷронашуда боқӣ мондаанд», – хулоса мекунад «DerStandard».
XS
SM
MD
LG