Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди раҳбари Ал-Қоида ба Иттиҳодияи Аврупо


Бино ба хабарҳо, раҳбари шабакаи Ал-Қоида як навори ҷадиди садоӣ нашр кардааст. Як саҳифаи интернетии исломгаро, ки ин наворро нашр кардааст, дар пасманзари он акси Бин Лоден ва ё нафареро, ки бовар меравад, Бин Лоден бошад, автомати Калашников дар даст ҷой додааст.

Гӯяндаи навор Иттиҳодияи Аврупоро таҳдид мекунад, ки посухи чопи тасвирҳои танзомези паёмбари Исломро хоҳад дод.

Гӯянда чопи ин тасвирҳои танзомезро, ки ахиран дар матбуоти Дания дубора нашр шуданд, ҷузъе аз “юриши ҷадиди салибӣ” номида, попи Рум Бенедикти 16-ро дар даст доштан дар ин “юриш” айбдор мекунад.

XS
SM
MD
LG