Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амалиёти мақомоти Русия алайҳи ТНК-БП


Мақомоти милисаи Русия дирӯз қароргоҳи ширкати бузурги нафтии ТНК-БП, ширкати муштараки Русияву Бритониёро дар маркази шаҳри Маскав таҳти таҳқиқ қарор доданд. Сухангӯи вазорати дохилаи Русия гуфт, мақомот дар ҷараёни ин амалиёт як силсила асноди марбут ба парвандаи алайҳи ин ширкатро, ки таҳқиқаш хеле боз идома дорад, мусодира кардаанд. Аммо мақомоти ширкати ТНК –БП то кунун амалиёти дирӯзаи мақомоти милиса алайҳи қароргоҳи ин ширкатро таъйид ва ё радд накардаанд.

Ҳарчӣ бештар таҳт назорати давлати Русия омадани тиҷорати нафту газ ширкати ТНК-БП-ро бо фишори афзоянда аз сӯи мақомот рӯбарӯ кардааст. Бахши аъзами саҳмияҳои ТНК-БП дар дасти ширкати бритониёии БП ва гурӯҳе аз миллиардерҳои рус қарор дорад.
XS
SM
MD
LG