Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дасти кам 26 нафари дигар дар Ироқ


Дар асари ҳамалот ва хушунатҳои як рӯзи гузашта дар Ироқ дасти кам 26 нафар кушта ва беш аз 30 тани дигар захмӣ шудаанд. Таркиши бамб дар вилояти Диёла, ки тавассути як зани маргталаб иҷро шуд, 4 нафарро кушта ва 12 тани дигарро захмӣ барҷой гузошт.

Дар як ҳамлаи дигари интиҳорӣ бо истифода аз мошини бамбгузоришуда дар Мувсил дасти кам 14 нафар захм бардоштаанд. Аммо дар Киркук 3 маъмури пулис аз тирҳои тасодуфии сарбозони Амрико кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG