Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси СММ ба Митровитса баргашт


Баъди ду рӯзи хушунатҳои хунин дар шаҳри умдатан сербнишини Митровитсаи Косово, нирӯҳои пулиси СММ дубора ба ин шаҳр баргаштаанд.

Раҳбари пулиси байналмилалӣ дар ин минтақа Дейвид МакЛин гуфт, нирӯҳои ҳомиии сулҳи таҳти фармони паймони низомии НАТО ба оҳистагӣ ва бо дарназардошти вазъи амниятӣ назорати ин қаламравро ба нирӯҳои пулис бармегардонанд.

Дар асари хушунатҳои рӯзи душанбе дар Митровитса 1 пулиси украинӣ кушта шуда, беш аз 60 тан аз ҳайъати нирӯҳои СММ ва НАТО, ва ҳамин тавр, ҳудуди 70 нафар аз тазоҳургарони серб ҷароҳат бардоштанд. Задухӯрди байни нирӯҳои байналмилалӣ ва сербҳои Митровитса, ки истиқлолияти Косово аз Сербистонро қабул надоранд, хунинтарин мавриди хушунат аз замони эълони истиқлолияти Косово дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG