Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Лама барои ҳали масъалаи Тибет кумак хост


Имруз Далай Лама аз раҳбарони ҷаҳон хост, ки дар ҳали мубоҳисоти Тибет аз роҳи музокирот бо Чин кумак кунанд. Раҳбари табъидии буддоӣ ҳамчунин аз маҳофили байналмиллалӣ дархост кард, ки ба Пекин фишор оранд, то ҳангоми бархурди худ бо эътрозкунандагон аз хештандорӣ кор гирад. Имруз Поп Бенидикти 16 низ Чину Тибетро ба музокира ва хештандорӣ даъват кард. Қабл аз ин як мақоми баландпояи Чин дар Тибет гуфт, ҳукумат дар бораи сарнавишти ояндаи ин минтақа дар муборизаи "ҳаёт ва марг" бо Далай Лама машғул аст.
XS
SM
MD
LG