Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аробакашҳо ба президенти кишвар нома навиштанд


Аробакашҳое, ки дар маркази савдои “Садбарг»-и шаҳри Душанбе ба василаи ҳаммолӣ рӯзгори худро пеш мебаранд, бо ирсоли як нома унвони раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори расидагӣ ба қазияи худ шудаанд.

Ин аробакашҳо мегӯянд, як моҳ аст, ки нозирони умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо гирифтани аробаҳояшон, ки ягона василаи даромад ва пешбурди зиндагиашон мебошад, онҳоро бекор монондаанд. Ба иддаъои онҳо, нозирон ба далели аз роҳи марказӣ гузаштани аробакашҳо ва барои рафтуои сокинон ихлол эҷод кардани онҳо аробаҳояшонро гирифта ҳудуди 50 сомонӣ ҷаримабандӣ мекунанд. Ба гуфти онҳо, дар як ҳамин бозори назди маркази савдои «Садбарг» ҳудуди 200 нафар ба аробакашӣ мушғуланд ва аз дастмузди ҳар яки онҳо дасти кам 5 нафар рӯз мегузаронанд.
Хайруллоҳ Назаров, яке аз аробакашҳои инҷо мегӯяд, як ҳафта бад-ин сӯ бекор мондааст ва бо гирифтани қарзи пулӣ зиндагии оилаи иборат аз 6 нафараашро пеш мебарад. Ӯ мегӯяд: «Аробаи ман 10-15 рӯз зиёд шуд, ки муҳкам аст, ва ҳамон 15 сомонӣ маблағе, ки ҳар рӯз даромад доштам, танҳо аз рӯи ҳамин аробакашӣ буд. Бовар кунед, ҳозир фақат бо қарз зиндагӣ дорам, як рӯз аз як нафар мепурсам, ки илтимос 10 сомонӣ бидеҳ – аробаро, ки ба кор баровардам, қарза бармегардонам ва рӯзи дигар аз каси дигар... Ва ҳамин хел аҳвол дорам. Боз модарам бемор дар хона, охир, агар зиндагии мо соз бошад, мо ҳеҷ вақт ароба намекашем. Хулоса маҷбур шудем нома навиштем, ки ба доди мо бирасанд».
Маҳмадшариф Гулаҳмадов, нафари дигаре, ки дар ҳамин нуқтаи савдо аробакашӣ мекунад, чунин мегӯяд: «Як халта орди 50-килоӣ 110 -120 сомонӣ аст, як литр равған – 8 сомонӣ, зиндагӣ мушкил, боз ҳар рӯз рейд карда мебаранд... Аробаҳоро мо аз куҷо меёбем ин қадар маблағ, ки бо 100 200 сомонӣ диҳему аробаро гирем? Намедонем чи кор кунем? Ҳамин рӯз мешаваду омада бор карда мебаранд аробаҳоро бе ягон сабаб...».
Аробакашҳо инчунин мегӯянд, ки қаблан низ аз ин чунин бархӯрди нозирони маҳаллӣ ба додситонии кулл ва ҳукумати шаҳр муроҷиъат карда будаанд, аммо то ҳол ба додашон касе нарасидааст. Хайруллоҳ ва ҳамроҳонаш мегӯянд, ягона умедашон акнун раисҷумҳур аст. Вале пас аз ирсоли як нома унвони раиси ҷумҳур нозирони маҳаллӣ дубора онҳоро таҳдид кардаанд: «Дар нашрия чоп шуд номаи мо, аллакай омада тарс медиҳанд моро, ки шумо дар назди қонун ҷавоб мегӯед, мо, иншооллоҳ, ҷавоб мегӯем, мо барои ҳимояи ҳуқуқи худ кӯшиш дорем. Мо ба ягон президенти дигар шикоят накардаем – мо ба президенти худамон арз кардаем, ва ҳуқуқ ҳам дорем барои ин».
Ва аммо Асад Наимов, нозири минтақавии ноҳияи Шоҳмансур, дар суҳбат ба Радиои «Озодӣ» гуфт, ки бар асоси қарори ҳукумати шаҳр фаъъолияти бештар аз 30 аробакаш дар ҳудуди маркази шаҳр мамнӯъ аст ва, аз сӯи дигар, модоме ки мавқеъи ҳуқуқии аробакашҳоро қонунҳои Тоҷикистон ба ҳайси соҳибкори хурд арзёбӣ мекунад, ба онҳо доштани иҷозатнома ва шартнома ҳатмӣ мебошад. Ӯ афзуд: «Патент намесупоранд, шартнома надоранд бо бозорҳо. Ин қарори раиси шаҳр аст, ки дар бозори Шоҳмансур ароба аз 30 бештар набошад».
Ҳаммолони атрофи маркази савдои «Садбарг» мегӯянд, ки бо сабаби набуди маблағ наметавонанд мисли дигарҳо дар Русия ҷӯёи кор бошанд ва танҳо умедашон аз ҳамин аробакашӣ аст, ки зиндагиашонро то андозае таъмин мекунад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG