Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таслими шаҳрванди Тоҷикистон дар Грознӣ


Тибқи хабари Интерфакс, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз вай ном бурда намешавад, довталабона ба мақомоти интизомии Чеченистон таслим шудааст. Вай эътироф кардааст, ки дар ҳамлае ба кормандони пулиси Чеченистон дар моҳи августи соли 2004 даст доштааст. Ба навиштаи Интерфакс, дар ин ҳамла чанд коранди пулис кушта шудаанд. Гузашта аз ин, ин шаҳрванди Тоҷикистон эътироф кардааст, ки дар наздикии мактаби Автурии Чеченистон 12 афсари пулисро рабуда, сипас ҳамаи онҳоро ба қатл расондааст. Ба ҷуз аз ин иттиҳомот, ин мард дуздидани се мусалсали Калашниковро низ эътироф кардааст. Дар бораи ин хабар то ҳол аз манобеъи мустақил таъйиде нарасидааст.
XS
SM
MD
LG