Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ ба Вошингтон рафт


Қарор аст имруз Михоил Саакашвилӣ дар Вошингтон бо Ҷорҷ Буш-раиси ҷумҳури Амрико дидор ва гуфтугу кунад. Интизор меравад, ки ин гуфтугуҳо ба густариши муносиботи Гурҷистон бо паймони НАТО ва саранҷом узвияти он дар ин паймон ихтисос дода шавад. Интизор меравад, ки раҳбарони 26 кишвари узви НАТО дар аввали моҳи апрел дар Бухорест-пойтахти Руминия дархости Гурҷистонро дар бораи ҳамкории наздик бо НАТО баррасӣ кунанд. Мумкин аст дар мулоқоти Саакашвилӣ ва Буш таниши муносибот миёни Гурҷистону Руссия ва масъалаи Абхозистони ҷудоихоҳ низ баррасӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG