Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Меҳмонхонаи вижаи занон


На, ин хабар на танҳо барои занҳо, балки барои мардҳо - бахусус шавҳарҳову бародарҳову падарҳои бадрашк бояд хуш ояд: дар ар-Риёзи Арабистони Саъудӣ 19 март, меҳмонхонае дарҳояшро ба рӯи муштариён боз кард, ки мегӯяд, танҳову танҳо бонувонро ба ин даргоҳ иҷозаи ворид шудан медиҳад. Ҷиддӣ мегӯям: аз оддитарин фаррош то аҳли мудирияти ин меҳмонхонаро занҳо ташкил мекунанд. Барои як шаби хоб дар ин меҳмонхона пардохти ҳадди аққал 93 доллар тақозо мешавад. Барои истифода аз хадамоти вижаи он, мисли ороишгоҳу утоқи массаж боз маблағи иловагӣ талаб мешавад.

Ин меҳмонхона маҳсули ибтикори 20 зани соҳибкору аъзои хонаводаи шоҳӣ буда, исмаш Luthan Hotel & Spa мебошад. Аммо тавре гузориш мегӯяд, таҷрибаи ташкили чунин меҳмонхонаҳои вижаи хонумҳо бесобиқа нест, дар қаламрави Амрикову Аврупо ин гуна отелҳоро зиёд дидан мумкин аст.

Хабари мазкур барои баъзеҳо дар Тоҷикистон ҳам хеле ҷолиб намуд. Дар ин ҷомеаи аксаран суннатӣ солҳои охир нақши занҳо дар фаъолиятҳои ҷамъиятӣ аланитар мешавад, ва сафарҳои хориҷии бонувони корманди сохторҳои давлативу созмонҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорон ҳар чӣ бештар мешавад. Гоҳо қабл аз сафар, дар баъзе хонаводаҳои занҳои коргар масъалаи ҳайъати мусофиративу ҷои зист дар хориҷа матраҳ мешавад ва баъзан ба мояи аслии нороҳатии ҳамсарон табдил мешавад. Аз ин назар, ба андешаи Бунафша Одинаева, муовини раиси оҷонсии назорат бар маводи мухаддир, ибтикори мазкур як иқдоми хуб аст:

"Ба фикри ман, ин иқдоми хуб аст. Баъзе ҳолатҳо мешавад, ки зан дар сафар дар ҳайати мардона, мехоҳад бароҳат дам гирад ё ягон кори хусусии худро, мисли қабули массаж, анҷом диҳад. Ва дар ин ҳолат ба як меҳмонҷои танҳо занона эҳтиёҷ пайдо мекунад. Шояд аз ин нуқтаи назар ин чиз хуб аст. Барои баъзе занҳо дар сафар аз нуқтаи назари динӣ ё суннатӣ ин гуна отел бисёр лозим аст".

Бо арзи ин матлаб, хонум Бунафша афзуд, ки агар сармоя медошт, ҳатман барои бунёди чунин як меҳмонхона дар хориҷи кишвар иқдом мекард.

Занҳое, ки зиёд ба сафарҳои корӣ мераванд, мегӯянд, гоҳо дар кишвари хориҷӣ худро нороҳат ҳис мекунанд ва эҳсоси амниятро аз даст медиҳанд. Сардабири маҷаллаи "Бонувони Тоҷикистон" Ҳуринисо Ализода гуфт, ӯ ҳам ҷонибдори ақидаи ташкили меҳмонхонаҳои вижа барои хонумҳо мебошад.

"Агар чунин имконе барои бонувон бошад, ки дар он занҳо худро роҳаттар эҳсос кунанд, чаро не? Ҳарчанд ин хабар барои ман ногаҳонӣ буд, аммо ман фикр мекунам, ки ҳар он ҷое, ки инсон метавонад худро роҳат эҳсос кунад, ҳар он ҷое, ки занон баъзан ниёз доранд ба танҳоӣ ва муошират бо бонувон, ҳамҷинсони хеш, агар чунин имконе бошад, ман гумон мекунам, қобили датсгирӣ аст. Ман агар ба кишваре сафар кунам, ки ҳамагӣ он ҷо занон мебошанд, ҳатман чунин меҳмонхонаро интихоб мекардам".

Дар ҳоле, ки аксар занҳои огаҳ аз хабари бозшавии меҳмонхонаи вижаи занон дар Арабистони Саъудӣ ба ин ибтикор бо назари нек менигаранд, аммо дар ар-Риёз дар назди меҳмонхонаи Luthan Hotel & Spa аксар хабарнигорони мард ҳузур доштанд, ки аз сохтмони он аксбардорӣ кардаву саволҳои бешумори худро ба мудирони отел медоданд. Як нафари онҳо дар ниҳоят гуфт, вақте ҳамсари кас дар чунин ҷое шабро рӯз мекунад, кас метавонад оромона аз пайи зиндагиаш бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG