Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо намояндагони илму фарҳанг ва адаби Тоҷикистон мулоқоте анҷом дод.

Ин мулоқот дар арафи иди Наврӯз доир гардид, ки таййи чанд соли ахир ба як анъана табдил шудааст. Зимни суханронии худ оқои Раҳмон вазъи имрӯзаи забони давлатӣ, расонаҳои расмиву ғайриҳукуматӣ масоъили табъу нашр ва худшиносии миллиро дар кишвар мавриди арзёбӣ қарор дод.
Корбурди забони тоҷикӣ дар идороти давлатӣ ва расонаҳо, баррасии авзоъи ҷумҳурӣ дар васоити ахбори умум ва радиову телевизион масоъил ва мушкилоти чопу нашри китоб ва ҳамин тавр нақш ва мақоми зиёӣ дар худшиносии миллӣ аз мавзуъоти мулоқоти президент Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар буд.
Оқои Раҳмон бидуни зикри мушаххаси ном масъулони бархе аз вазорат ва дигар ниҳодҳои давлатиро дар муносибати сард бо забони давлатӣ мавриди интиқод қарор дод. Ба ақидаи ӯ, «матни норавону пурғалати овеза ва шиъору рекламаҳо, суҳбати радиоиву телевизионӣ, мақолаҳои баъзе рӯзноманигорон ва осори адибону олимони ҳаваскор беэҳтиромиро ба забони модарӣ ба миён овардаанд».
Яке дигар аз масоъиле, ки дар суханронии президент пиромуни он суҳбати ба тафсил сурат гирифт, матбуъоти кишвар ва мавзуъоти мунташира дар онҳо буд. Раҳмон гуфт, ки дар қиёс бо расонаҳои расмӣ расонаҳои ғайридавлатӣ дар расидагӣ ва таҳлилу баррасии вазъи кишвар муваффақтаранд.
Аммо ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон расонаҳои хабариро дар низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳо айбдор намуд. Ба гуфтаи ӯ, чопи чунин матолиб вазъи ҷомиъаро ноором месохтааст.
Вале, дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи мутаваққфишудаи «Рӯзи нав», мегӯяд, ки вақте матбуъот ба чопи ин ва ё он масоъили интиқодӣ даст мезанад, масъулон онҳоро ба ҳамин гуна иттиҳомот маҳкум мекунанд.
Раҳмон дар суханронии худ аз шахсиятҳои маъруфи кишвар ном бурд, ки бо кору пайкорашон дар худшиносии миллат саҳми босазо гузоштаанд. Ва дар ин миён, таъкид кард Раҳмон, ки худи ӯ низ аз ибтидои ба сари қудрат омаданаш талош кардааст давлат дар амри худшиносии миллат саҳми муассире дошта бошад.
Аммо бархе аз таҳлилгарон дар ин замина миёни гуфтор ва амали раиси ҷумҳурӣ фарқ ва ихтилофро мебинанд. Зеро раиси ҷумҳурӣ дар оғози марҳалаи истиқлолияти давлатӣ ва давлатсозӣ идораи онро бо усули қавмгароӣ ба роҳ мондааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки на ҳама намояндагони расонаҳои маҳалли ва хориҷӣ дар мулоқоти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтанд.
Як нафар аз ин зиёиён, ки нахост номаш бурда шавад гуфт, ӯ интизор дошт, ки раиси ҷумҳурӣ дар баробари аҳли илму адаб ва маорифи кишвар ошкоро аз буҳрони пешомада дар фасли сармо ташреҳ ва бар нотавонии давлат дар амри таъмини барқу газ ба аҳолӣ ҳадди ақалл пӯзиш металабад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, бо ин ҳама андарзу насиҳат, ки дар мулоқот шунидааст, ҳамоно мушкилоти таъмини барқу гармии дар чанд соли ахирро пеши рӯ дорад, ки ба маҳзи он дар мактабҳо дуруст тадрис намешавад, нашрияҳо саривақт ба чоп намерасанд, китобхонаҳои сарду торик бидуни хонанда боқӣ мемонанд ва дар ниҳояти амр боз ҳам касе омода нест, ки ба ин ҳама бебандуборӣ эҳсоси масъулият кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG