Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба Белорус пешниҳоди музокира мекунад


Карен Стюарт-сафири Амрико, ки зери фишори мақомоти Белорус ин кишварро тарк кард, мегуяд, агар мақомот Александр Казулин-яке аз шахсиятҳои мухолифонро аз зиндон раҳо кунад, Амрико равобиташро бо Минск беҳбуд мебахшад. Сафири Амрико ин нуктаро дар Вошингтон ба рузноманигорон изҳор доштааст. Казулин барои эътирозаш бар зидди Александр Лукашенко-раиси ҷумҳури Белорус соли 2006 зиндонӣ шуда буд.

XS
SM
MD
LG