Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин зан раиси порлyмон дар Покистон


Барои аввалин бор дар Покистон зане бо номи Фаҳмида Мирзо раиси порлyмон интихоб шуд. Фаҳмида Мирзо тоҷирзанест ва аз ҳизби Беназир Бҳутто се дафъа намояндаи порлyмон интихоб шудааст. Имруз низ ҳамин ҳизб, яъне ҳизби Мардумии Покистон номзадии вайро ба мақоми раёсати порлyмон пешбарӣ кард. Амир Ҳусейн, ки то ҳол раиси порлyмон буд, гуфт, ки аз 342 намоянда 249 нафари онҳо ба ҷонибдорӣ аз хонум Фаҳмида рай додаанд. Интихоботи порлyмонӣ 18-уми феврал баргузор шуда буд ва қарор аст Ҳизби Беназир Бҳутто раҳбарии ҳукумати эътилофиро бар уҳда бигирад.
XS
SM
MD
LG