Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаҳмида Мирзо - раиси порлумони Покистон


Фаҳмида Мирзо
Фаҳмида Мирзо

Фаҳмида Мирзо, нахустин зани покистонӣ гардид, ки курсии раиси порлумони ин кишварро ишғол кардааст.

Имрӯз аз номзадии ӯ 249 вакили порлумон ( аз 342) пуштибонӣ карданд.

Фаҳмида Мирзо ба ин мақом аз сӯи Ҳизби мардумӣ пешбарӣ шуд, аз сӯи ҳизбе, ки раҳбари пешинаш хонум Беназир Бҳутто моҳи декабри соли гузашта бар асари як сӯиқасд дар гирдиҳамоии ҷонибдоронаш дар шаҳри Равалпиндӣ ба ҳалокат расида буд. Ҳанӯз рушан нест, ки Фаҳмида Мирзо дар пайраҳаи погузоштаи хонум Беназир гом мениҳад ва ё роҳи мусолиҳа ба неруҳои ифтротгароро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Хонум Мирзо ҳанӯз ягон изҳороти сиёсӣ пахш накардааст.

Иттилоъ дар бораи шахсияти раиси нави порлумони Покистон низ алҳол зиёд нест. Фақат гуфта мешавад, ки Фаҳмида Мирзо 51 сол дорад ва дар хонаводаи як сиёсатмадори маъруфи вилояти Синд чашм ба олам кушодааст. Зимнан, хонум Бҳутто низ зодаи ҳамин устон буд. Фаҳмида Мирзо донишгоҳи тиббиро хатм карда то рӯзҳои ахир бо тиҷорат сару кор дошт. Шавҳари ӯ Зулфиқор Мирзо, узви маҷлиси вилояти Синд ва яке аз ҳампаймонҳои дерини Осаф Алӣ Зардарист. Ёдовар мешавем, Осаф Алӣ Зардарӣ баъди ҳалокати хонумаш Беназир Бҳутто раёсати Ҳизби мардумии Покистонро бар дӯш дорад.

Коршиносон мегӯянд, ки интихоби Фаҳмида Мирзо дар мақоми раиси порлумони Покистон пешгӯишаванда буд, зеро Ҳизби мардумӣ ва ҳампаймонҳояш аз Лигаи мусалмонҳои сарвазири пешин Навоз Шариф бештари мандатҳои порлумонро соҳибанд. Аз ҷумла, фақат дар Ассамблеяи Миллии дорои 272 курсӣ ин ду ҳизб дар маҷмӯъ 153 ҷой доранд. Лигаи мусалмонҳои Қоидаи аъзами пуштибон аз раисҷумҳур Парвиз Мушарраф, ки дар порлумони пешин бештари мандатҳоро дар ихтиёр дошт, ба дарёфти ҳамагӣ 42 курсии маҷлис муваффақ шудааст.

Гуфта мешавад, ки агар Эътилофи ҳукмрон, яъне Ҳизби мардумӣ ва Лигаи мусалмонҳои Навоз Шариф дигар гурӯҳҳои сиёсӣ ва вакилони мустақилро дар атрофи худ ҷамъ оварад ва дар маҷмӯъ аз се ду ҳиссаи курсиҳои порлумонро соҳиб шавад, барои ба миён гузоштани мавзӯъи импичменти раиси ҷумҳур Парвиз Мушарраф имкон пайдо хоҳад кард. Зимнан, Ҳизби мардумӣ ва Лигаи Мусалмонҳои Навоз Шариф дар мавриди ташкили ҳукумати нав ҳам созиш ҳосил кардаанд ва ҳадс зада мешавад, ки шояд Осаф Алӣ Зардарӣ дар маснади нахуствазир пазируфта шавад. Ахиран додгоҳи Покистон иттиҳоми пешини мақомот дар бораи дар фасод даст доштани Зардариро лағв кард.

XS
SM
MD
LG