Пайвандҳои дастрасӣ

Русия ва Осиёи Марказӣ баъд аз Путин


Путин ба Медведев чи маслиҳат медиҳад?

Путин ба Медведев чи маслиҳат медиҳад?

Гузори қудрат аз Влодимир Путин ба Дмитрий Медведев дар Русия мумкин аст равандҳои Осиёи Марказиро суръат бахшад.

Дар ҳамин ҳол, "Евразия.нет" менависад, дар гузаштаҳо Кохи Кремлин захоири ғании худро борҳо барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ истифода кардааст. Масалан, дар чанд соли гузашта Путин аз ширкатҳои энержии худ, аз қабили "Газпром" ба унвони василаи дипломатӣ истифода кардааст, то нуфузи иқтисодиву сиёсии Маскавро дар Осиёи Марказӣ барқарор кунад.

Дмитрий Медведев, ки акнун раиси ҷумҳури Русия интихоб шудааст, солҳои тулонӣ узви шӯрои раҳбарии ин ширкат буд ва ба эҳтимоли зиёд ӯ низ аз сиёсати энержӣ ҷиддитар пайравӣ хоҳад кард. Ба қавли ин сомона, дар нахустин соъатҳои интихобаш ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Д. Медведев изҳор дошта буд, ки мумкин аст нахустин боздидашро дар мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз кишварҳои мустақили ҳамсуд оғоз кунад.

Ба эътиқоди бисёре аз коршиносони рус, дар ин миён кишвари аввал зоҳиран Туркманистон хоҳад буд, зеро баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ Медведев билофосила аз Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, барои боздид аз кишвараш даъватнома дарёфт кард.

Масъалаи дигар ин аст, ки тақсими кор миёни Медведев ва Путин аз ҳоло шакл мегирад ва то андозае равшан шудааст, ки Медведев бештар бо масъалаҳои иқтисодӣ ва нигарониҳои иҷтимоъӣ дасту панҷа нарм хоҳад кард, дар ҳоле, ки Путин дар мақоми нахуствазирӣ сиёсати байнулмиллаиро зери назар хоҳад дошт. Яъне, ба навишати "Евразия.нет", Медведев дар мақоми баланди худ тақрибан ҳамон масъулиятеро хоҳад дошт, ки дар мақоми муовини аввали нахуствазир онро уҳдадор буд. Ҳадафи аслии Медведев беҳбуди вазъи мактабҳо ва шароити манзил боқӣ хоҳад монд. Вай стротегияи умумиро дар ихтиёри Путин мегузорад ва худаш ба масъалаҳои иқтисоди дохилӣ тамаркуз хоҳад кард. Бо назардошти ин метавон гуфт, ки масъалаи ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ, яъне бо минтақае, ки бо захираҳои ғании энержии худ дорои аҳаммият аст, дар дасти Путин хоҳад буд.

Барои дастёбӣ ба манобеъи энержии Осиёи Марказӣ феълан миёни Чин ва ғарб навъе мусобиқа оғоз шудааст ва Русия мехоҳад пешдастиро дар ин минтақа ҳифз кунад. Шояд ба ҳамин сабаб буд, ки 11-уми март баъд аз мулоқот бо "Газпром" раҳбарони ширкатҳои гози Туркманистону Қазоқистон ва Узбакистон эълон карданд, ки нархи гози худро ба шиддат боло мебаранд ва "Газпром" ҳам изҳор дошт, ки ҳозир аст бо ҳамин нарх гози ин кишварҳоро харидорӣ кунад. Чунин эъломия метавонад Амрико ва Иттиҳодияи Аврупоро аз эҳдоси лӯлаи гози моварои Дарёи Хазар боздорад, зеро дар сурати эҳдоси ин лулаи гоз Руссия манофеъи стротегии худро барои судури гоз дар маърази хатар мебинад.

Аз сӯи дигар, Русия бо чунин бозиҳои худ метавонад аз об хушк дарнаояд.
XS
SM
MD
LG