Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон: Шаш шаҳрванд дар амалиёте кушта шуданд


Мақомоти расмии вилояти Хусти Афғонистон мегуянд, нируҳои вижаи Амрико дар амалиёте дар наздикии марзи ин кишвар шаш нафар аз аҳолии маҳаллиро куштаанд, ки дар миёни онҳо ду кудак ва як зан будаанд. Хибор Паштун-сухангуи волии вилоят гуфтааст, ин амалиёт шаби гузашта дар яке аз деҳоти вилояти Хуст анҷом гирифтааст. Нируҳои вижаи Амрико дар эъломияе гуфтаанд, онҳо Толибонро ҳадаф қарор дода буданд. Дар эъломия омадааст, дар ин амалиёт чанд тундрав кушта шудаанд. Ҷасади ду кудак ва зан дар хонае пайдо шудааст, ки Толибон дар он ҷо паноҳ бурда будаанд.
XS
SM
MD
LG