Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Амрико иштибоҳан се пулисро куштанд


Низомиёни Амрико дар Ироқ мегуяд, сарбозони онҳо дар вилояти Каркук тасодуфан се корманди пулисро кушта, як нафари дигарро захмӣ кардаанд. Дар ин бора Меган Бурмейстер-сухангуи низомиёни Амрико хабар додааст. Вай гуфтааст, сарбозони Амрико ба суи автомобиле, ки дар минтақаи зери муҳосира бо суръати баланд ҳаракат мекард, тир холӣ кардаанд. Ба гуфтаи Бурмейстер, нируҳои эътилоф аз ин ҳодисаи фоҷеъаомез воқеъан ҳам муттаасифанд
XS
SM
MD
LG