Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи саҳом дар Осиё боло рафт


Баъд аз боло бурдани арзиши баҳра дар Амрико аз суи мақомотии Захоири Федеролӣ ва Бонки марказии Амрико нархи саҳом дар бозорҳои Осиё, аз ҷумла дар Ҷопон, Курёи Ҷанубӣ, Чин ва Сингопур афзоиш ёфтааст. Захоири Федеролии Амрико 18-уми март нархи баҳраи аслии худро 2,25 дарсад коҳиш дод. Саҳмияҳои аврупоӣ низ дар доду гирифтҳои оғози руз боло рафт. Ҳенрӣ Полсон-вазири дороии Амрико эътироф кард, ки дар марҳалаи кунунӣ иқтисоди Амрико дар ҳоли поинравист. Аммо вай афзуд, барои ҷилавгирӣ аз он тадбирҳо андешида мешавад.
XS
SM
MD
LG