Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси парлумони Покистон як вакили зан мешавад


Ҳизби мардумии Покистон, умдатарин ташаккули мухолифини он кишвар як вакили занро ба раисии парлумони ҷадид пешбарӣ кардааст. Фаҳмида Мирзо дар сурати касби орои аксари вакилони Маҷлис дар раъйгирии имрӯза, нахустин зане хоҳад шуд, ки ба курсии раёсати парлумони Покистон менишинад.

Ҳизби мардумии Покистон, ки раҳбараш Беназир Бҳутто дар моҳи декабр дар як сӯъиқасд кушта шуд, дар интихоботи парлумонии моҳи феврал орои аз ҳама бештар ба даст овард ва бо ҳизби Навоз Шариф, яке дигар аз мухолифини давлати президент Парвиз Мушарраф, ба хотири ташкили кобинаи ҷадиди вазирон эътилоф бастааст.

XS
SM
MD
LG