Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъзоми нирӯҳои тозанафаси Амрико ба Афғонистон


Мақомоти низомии Амрико мегӯянд, чандсад нафар аз ҳайъати 3 600-нафарии нирӯҳои тозанафаси амрикоӣ ба Афғонистон расида, ба иҷрои маъмурияти худ, ки фурӯ нишондани муқовимати ҷангиёни Толибон будааст, омодагӣ мегиранд. Сухангӯи нирӯҳои Амрико гуфт, эъзоми маллоҳони амрикоӣ ба Афғонистон аз ҳафтаи гузашта оғоз ёфт. Вай афзуд, гурӯҳи дуввуми маллоҳон дар ҳафтаҳои наздик вориди Афғонистон шуда, машғули барномаҳои тамрини нирӯҳои амниятии он кишвар хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG