Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба сафорати Амрико дар Яман


Амрико гуфт, бовар меравад, сафораташ дар Санъо, пойтахти Яман ҳадафи ҳамлаи хумпораӣ қарор гирифтааст. Дар асари ин ҳамла як маъмури амниятӣ кушта шуда, бино ба гузоришҳои расида, 13 духтари мактабхон ва 5 сарбози яманӣ дар ин ҳодиса ҷароҳат бардоштаанд.

Се хумпора дирӯз ба сохтмони як мактаб дар наздикии бинои сафорати Амрико асобат кард.

Раисиҷумҳури Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ин ҳамларо ҳамчун як амали ҷиноии террористӣ ва мухолиф ба таълимоти дини мубини Ислом маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG