Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти Русияву Амрико бенатиҷа анҷом ёфтааст


Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дирӯз гуфт, Русияву Амрико дар масъалаи истиқрори пойгоҳҳои зиддимушакии Амрико дар Чехияву Лаҳистон ба тавоуқ нарасидаанд. Аммо ӯ афзуд, Вошингтон ҷиҳати таскин додани нигарониҳои Маскав пешниҳодҳои муфиде ироа кардааст.
Лавров дирӯз бо вузарои хориҷа ва дифоъи Амрико Кондолиза Райс ва Роберт Гейтс, ки бо як сафари дурӯза дар Маскав ба сар мебурданд, мулоқот кардааст. Роберт Гейтс гуфт, Амрико Русияро итминони хотир дод, ки радар ва сипари зиддимушакие, ки мехоҳад дар Чехияву Лаҳистон мустақар кунад, барои Маскав ҳеҷ гуна таҳдиде ба бор нахоҳад овард.

XS
SM
MD
LG