Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвари собиқадорони "Озодӣ"


Муҳаммадсарвар Мир, собиқадори "Озодӣ"
Муҳаммадсарвар Мир, собиқадори "Озодӣ"

Муҳоварае дар чаҳорбоғи ҳавелии Оуттингенштрассе 67, қароргоҳи пешинаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ



ДЕБОЧА

Чанде аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон гуфтанд, аксари онҳо ҳанӯз дар замони шӯравӣ ба радиои Озодӣ гӯш медоданд ва онро сарчашмаи иттилоъе медонистаанд, ки расонаҳои расмии шӯравии собиқ ва ҳукумати Тоҷикистон нашр намекард. Инро ҳам бояд афзуд, ки ҳукумати шӯравӣ барои ғайри қобили шунидан кардани ин барномаҳо солона 35 миллион доллар сарф мекард. Вале боз ҳам мардум бо мушкилоти зиёд аз паси хашшу хуш ва омезиши мавҷҳои радиоӣ ин барномаҳоро пайдо мекард ва мешунид.

Хуб, аммо аз он сӯи амвоҷ кӣ сӯҳбат мекард? Чи касоне бо чи ният ва ормону орзу?

ЧАРХИ ДАВРОН

Ҳафтае як бор пирамарди 76-солае ба ҳавелии Донишгоҳи тиббии Мюнхен меояд, аз пайроҳаҳои он мегузарад, ба тираезҳои
Қароргоҳи собиқи RFE/RL
бино хира мешавад, лаҳзаҳое дар зери дарахтони атрофи бино бозмеистад ва аз ҳавои барояш махсуси ин ҳавелӣ нафас мекашад. Аз ӯ мепурсам, чаро ин ҷо меояд ва ҳангоме ки меояд чи ҳис мекунад?

Мегӯяд: "Одам вақте сӣ сол дар биное, коргоҳе кор мекунад, ҳатман ба он дилбастагие пайдо мекунад. Ман ҳар гоҳ, ки ба ин ҷо меоям, гузаштаҳо, беҳтарин рӯзҳои ҳаётамро ба ёд меорам. Давре мезанам ва ба хонаам бармегардам."

Сездаҳ сол пеш вай метавонист вориди ин бино шавад ва дар он утоқе дошт, ки ҳар субҳ ахбору наворҳое руи он интизораш буданд. Инҳо ахборе буд барои шунавандагон дар Тоҷикистони шӯравӣ. Муҳаммадсарвари Мир дар Радио Аврупои Озод-Радиои Озодӣ кор мекард. Вай дар соли 1966 ҳирфаи муваффақи муҳандиси обу барқро тарк карду даст ба кори радиое зад, ки амвоҷи он ӯро бо ватани азизаш -- Тоҷикистон мепайваст.

"ҲАМЧУН ЯК ТОҶИК"

Дар ҳоле ки мо ҳарду дар ин чаҳорбоғ нишастаем вай чунин мегӯяд: "Ман ҳамчун як тоҷик аз мардум ва ҳукумати Амрико ташаккур мекунам, ки барои забони мо ва мардуми мо чунин имкониятро фароҳам овард, то бо забони тоҷикӣ барнома пахш кунем ва бо расондани иттилоъи тозаву дақиқ ба пешрафти мардумони худ кумак расонем. Ҳамин иттилоъ буд, ки ба дониш табдил ёфт ва ин дониш халқҳои шуравии собиқро мунаввар гардонду онҳоро ба истиқлолият таҳрик дод."

ЗОДАИ ИШТИРХОН

Муҳаммадсарвар дар соли 1932 дар хонаводаи косиби босавод дар деҳаи Иштирхони Марғелон таваллуд шудааст. Чаҳорсола буд, ки падараш бар асари таъқиботи истолинӣ тасмим гирифт, кишвари шӯравиро тарк кунад. "Падарам соли 1929 аз ҳаҷ баргашта буд ва гуфт, дар ин кишвар монда наметавонад, зеро мумкин аст, ӯро ҳамчун ҳоҷӣ зери фишор бигиранд. Хонавода ба Афғонистон фирор кард. Аз он ҷо ба Эрон ва ниҳоят дар Туркия муқим шуд.

Муҳаммадсарвар дар донишгоҳ таҳсил карду муҳандис ва дар бунёди нерӯгоҳи барқ ба кор пардохт. Як муҳандиси ҳамкораш рӯзе барои ӯ рӯзномаи "Ҳуррият"-ро овард ва гуфт, ту ки мегӯӣ, тоҷик ҳастӣ ва ҳамеша аз ватанат ёд мекунӣ, радиои Озодӣ дар Олмон тоҷиконро меҷӯяд. Муҳаммадсарвар ба огаҳии радио посух навишт ва ҳамин тавр дар соли 1966 корманди ин радио шуд ва қариб 30 сол, то 1995 дар ин радио кор кард.

"ОЗОДӢ"-И НАВРӮЗӢ


Аммо нахустин барномаи радиои Озодӣ ба забони тоҷикӣ ҳанӯз дар соли 1953 пахш шудааст. Дар соли 1951 Кумитаи амрикоии Озодӣ аз болшевизм таъсис ёфт, ки яке аз бунёдгузоронаш собиқ сафири Иёлоти Муттаҳида дар Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷорҷ Кеннан буд ва аъзои ин кумита пешниҳоди таъсиси радиоеро карданд, ки барои мардумони зери султаи болшевикон барнома пахш кунад.

Cуроғаи Оуттингенштрассе, 67 дар Мюнхен.
Нахустин барнома дар якуми марти соли 1953 ба забони чехӣ пахш шуд. Ба зудӣ, барномаи русӣ муаррифӣ гашт ва 18-уми марти соли 1953 бахши Туркистони радио ба забонҳои адигеӣ, арманӣ, аварӣ, озарбойҷонӣ, чеченӣ, гурҷӣ, қазоқӣ, қирғизиӣ ва узбакию туркманӣ нашарот оғоз намуд. Ба гуфтаи собиқадорони радио, аввалин барномаи тоҷикӣ эҳтимолан дар 21 ё 22-и марти соли 1953 нашр шудааст, зеро ду-се рӯз дертар аз барномаҳои дигар омода гашт. Муҳаммадсарвар мегӯяд, барои таҳияи барномаҳо, аз ҷумла ба ӯ зарур буд, забони русӣ ва ҳуруфи кириллиро биомӯзад, то битавонад, рӯзномаҳои тоҷикиро хонда тавонад."

БАРОДАРИ ШОИР АМИНЗОДА

Муҳаммадсарвари Мир мегӯяд, агар ӯ дар соли 1966 оғоз ба кор кард, то омадани вай ба радио дар ин ҷо узбаки тоҷикидоне як муддат барномаҳоро гардонда, сипас як муддати дигар Камолиддин Аминзода, бародари шоири тоҷик Муҳиддин Аминзода муҷрии барнома буд, ки ба зудӣ дунболи ҳирфаи дигаре рафт.

Ба ин тартиб Муҳаммадсарвари Мир аз собиқадортарин кормандони Озодист, ки муҳлати тулонӣ дар ин радио кор кардааст. Вай аз расидани ҳар корманди нав хушнуд мегашт ва андӯхтаҳои худро ба навкорон мебахшид.

Дар соли 1975 собиқ котиби масъули рӯзномаи "Тоҷикистони советӣ" Маркиел Даниелов, ки ба Исроил ҳиҷрат карда буд, ба ҳайати кормандони радио пайваст ва дар соли 1983 мудирияти бахши тоҷикиро бар зимма гирифт.

БАЪД АЗ САРИ ШӮРАВӢ

Дар соли 1995, баъд аз фурӯпошии шӯравӣ, ҳамзамон чаҳор корманди нав аз Тоҷикистон ба радио даъват шуданд ва қароргоҳи марказии он низ аз Мюнхени Олмон ба Праг, пойтахти Ҷумҳурии Чех мунтақил гашт. "Ба онҳое ки роҳи Прогро дар пеш гирифтанд ва ҳамаи онҳое, ки имрӯз аз Тоҷикистон дар ин радио кор мекунанд, саломатӣ ва муваффақият орзу мекунам. Ман бовар дорам, ки радиои Озодӣ силоҳи сулҳ ва тафоҳум аст."

Ва акнун ин ҳама сол, ҳафтае як бор Муҳаммадсарвари Мир ба ҳавелии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ меояд. Бо ёди он рӯзҳо ва дар ҷустуҷӯи ҷавонии худ. Вай мегӯяд, ин ҷавониро ба ҳаво надодааст, балки хушбахт аст, ки иттилоъи озоде, ки ӯ нашр мекард, кишварашро иваз кардаанд. Ба ҷои мустаъмара давлати соҳибистиқлол ва ба ҷои ҷанг сулҳ овардааст.
XS
SM
MD
LG