Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи Маскаву Вашингтон аз байн нарафтааст


Рӯзи сешанбе вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ҳоло ҳам Русияву ИМА дар масъалаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА дар Аврупои Марказӣ ихтилоф доранд.
Лавров афзуд, ки Вашингтон бо ҳадафи рафъи нигарониҳо чанд пешниҳоде матраҳ намуд.
Ин изҳороти Лавров баъди сӯҳбати ӯ бо котиби давлатии ИМА Кондолиза Райс ва вазири мудофиаи ин кишвар Роберт Гейтс дар Маскав пахш шуд.
Гейтс мегӯяд, ИМА ба Русия итминон дод, ки барномаи бунёди сипари зиддимушакии ИМА барои Русия таҳдиде ба бор намеорад.
Ҳам Лавров ва ҳам Райс бовар доранд, ки Вашингтону Маскав дар мавриди сипари зиддимушакӣ ва дигар масъалаҳои муҳим ҳамкории самаранок ташкил карда метавонанд.
XS
SM
MD
LG