Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Маскав Райс бо мухолифини Кремл вохӯрд


Дар рӯзи дуюми боздид аз Маскав котиби давлатии ИМА хонум Кондолиза Райс бо пешвоёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мухолифини Кремл вохӯрд.
Дар ҳар сафари Русия бо ёдоварӣ аз он, ки президенти ин кишвар Владимир Путин ислоҳоти демократиро ба ақиб кашидааст, доктор Райс бо ҳомиёни ҳуқуқи башар мулоқот менамояд. Ин дафъа ба мулоқот бо Райс дар бинои сафорати ИМА дар Маскав раҳбари ҳизби Яблоко Григорий Явлинский ва сиёсатмадори мустақил Владимир Рижков даъват шуда буданд. Вале хабарнигорон мегӯянд, мунаққидони ашаддии Кремл: собиқ сарвазири Русия Михаил Касянов ва собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар шатранҷ Гаррӣ Каспаровро ба ин вохӯрӣ даъват накарданд.
XS
SM
MD
LG