Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътилофи сунниҳои Ироқ ба конфронси оштӣ нарафт


Дар арафаи панҷумин солгарди амалиёти эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Ироқ рӯзи сешанбе дар Бағдод конфронси дурӯзаи мусолиҳаи миллӣ ифтитоҳ ёфт.
Дар ин ҷамъомад сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ, раиси парламент Маҳмуд Машҳадонӣ ва дигар раҳбарони баландпояи мусулмонони шиа ва суннимазҳаб ҳузур доранд.
Вале раҳбарони бузургтарин эътилофи сунниҳои Ироқ дар парламент: Ҷабҳаи мувофиқати миллӣ аз ширкат дар конфронс худдорӣ варзиданд.
Ҳукумати Ироқ мегӯяд, дар конфронс дастовардҳои амниятӣ, эҳёи баъдиҷангӣ ва истиқлоли комили ин кишвар баҳс мешаванд.
Амалиёти эътилофи байналмилалӣ дар Ироқ 20-уми марти соли 2003-ум шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG