Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаҳмида Мирзо раиси Парламенти Покистон мешавад


Ҳизби мардумии Покистон зан: хонум Фаҳмида Мирзоро ба мансаби раиси парламенти Покистон пешбарӣ кард. Агар рӯзи чоршанбе вакилони мардумии Покистон номзадии Мирзоро дастгирӣ намоянд, ӯ аввалин зани раис дар Маҷлиси қонунгузори Покистон хоҳад буд. Ҳизби мардумии хонум Беназир Бҳуттои фақид дар интихоботи парламентии моҳи гузашта ба касби аксари курсиҳои парламент муваффақ гашт ва эҳтимолан эътилофи ҳокими Покистон зери сарварии ҳамин гурӯҳи сиёсӣ ташкил шавад.
XS
SM
MD
LG