Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама: Агар зарур шавад, ба истеъфо меравам.


Далай Лама раҳбари рӯҳонии буддоиҳои Тибет мегӯяд, агар вазъият дар Тибет аз назорат берун шавад, ӯ эҳтимол аз мақоми пешвои дар ҳиҷрат қарор доштаи Тибет истеъфо диҳад.
"Агар вазъ аз назорат берун шавад, ягона интихоби ман истеъфои комил хоҳад буд".
Ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Дҳаламшалаи Ҳиндустон Далай Лама аз тибетиҳо даъват кард, ки хушунатро маҳкум намоянд. Дар айни замон пешвои рӯҳонии Тибет аз ҳар ду ҷониб: тибетиҳо ва чиниҳо даъват кард, ки канори ҳам зиндагии осоишта дошта бошанд.
Рӯзи сешанбе сарвазири Чин Вен Ҷиабао Далай Ламаро мавриди интиқод қарор дод.
Аснои сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар шаҳри Пекин Вен гуфт, иттиҳоми Далай Лама дар мавриди ҷой доштани "табъизи фарҳангӣ" дар Тибет дурӯғи маҳз аст.
Вен ҳамчунин иброз дошт, ки дар хушунатҳои ҳафтаи гузашта иғвоангезии Далай Лама саҳм дорад. Сарвазири Чин афзуд, ки эътирозгарон мехостанд омодагиҳои Пекин ба бозиҳои олимпии моҳи августро барҳам зананд.
Эътирози Лҳаса 10-уми март ба муносибати 49-умин солгарди ошӯби тибетиҳо бар зидди ҳукми коммунистони Чин барпо шуда буд.
Мақомоти Чин мегӯянд, бар асари хушунатҳои ҳафтаи гузашта дар шаҳри Лҳаса: маркази Тибет, камаш 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Вале муҳоҷирони тибетӣ таъкид менамоянд, ки ҳангоми таъқиби гирдиҳамоии тибетиҳо дар Лҳаса камаш 80 кас ба қатл расиданд.
То ҳол манбаъҳои мустақил дар бораи шумораи қурбониҳои хушунат дар Тибет иттилоъ надодаанд.
XS
SM
MD
LG