Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани маҳкум ба сангсор озод шуд


Вакили мудофиаи зани эронии маҳкум ба сангсор изҳор намуд, ки фарди мавриди ҳимояташ шаби 17-уми март аз зиндони шаҳри Қазвин озод шуд. Мукаррама Иброҳимиро бо ҷурми зино ба сангсор маҳкум карда буданд. Ба қавли додситонҳо ин зан 11 сол пеш бо Ҷаъфари Киёнӣ ном шахсе зино кардааст. Моҳи июли соли 2007-ум Киёнӣ то мурдан сангсор шуд.
Бар пояи қонунҳои Ҷумҳурии исломӣ афроди маҳкум бо зино бояд сангсор шаванд, вале раиси ҳукми қазоии Эрон оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимӣ дастур додааст, ки бидуни ризояти ӯ муҷозоти афроди маҳкум дар мазҳари ом сурат нагирад.
XS
SM
MD
LG