Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Косово афсари украинӣ ҳалок шуд


Афсари полиси Украина, ки дар сафҳои полиси СММ дар Косово ифои вазифа мекард, аз ҷароҳатҳое, ки ҳангоми бархӯрд бо сербҳо бардошта буд, ба ҳалокат расид.
Задухӯрдҳои рӯзи душанбеи 17-уми март дар минтақаи Косовска Митровитса бузургтарин хушунат аз замони эълони соҳибистиқлолии Косово мебошад. Як моҳ пеш аксарияти албанитабори Косово соҳибистиқлолӣ аз Сербияро эълом дошт. Вале сокинони сербтабори Митровитса мухолифи истиқлоли Косово ҳастанд.
Дар бархӯрди дирӯзаи сербҳо бо полиси СММ ва нерӯҳои паймони Нато норинҷак ва силоҳи автоматӣ истифода шуд, ки бар асари он беш аз 60 афсари полиси СММ ва Нато ва ҳамчунин 70 эътирозгари серб маҷрӯҳ шуданд.
Ветон Элшанӣ сухангӯи полиси Косово изҳор намуд, ки афсари украинӣ дар шифохонаи низомӣ аз ҷароҳатҳои бардоштааш ҳалок шуд.
XS
SM
MD
LG