Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мусобиқаи паҳлавонони ҷавон


Мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштии дзюдо байни наврасон дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба иди Наврӯз 18-уми март дар шаҳри Ваҳдат шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқа беш аз 200 нафар паҳлавонони ҷавон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва пойтахти кишвар ширкат доранд. Ғолибон дар 9 вазн муайян мешаванд. Мусобиқаи мазкур то 20-уми март идома хоҳад кард.
Қаҳрамонони ҷавони шашкаи Тоҷикистон
Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба шашкаи русӣ байни ҷавонон, ки дар шаҳри Душанбе тӯли панҷ рӯз идома кард, ба анҷом расид.
Лоиқ Нулобеков, намояндаи бошгоҳи варзишии Вазорати дифоъи Тоҷикистон, байни шашкабозони то 21-сола ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Насиба Махсумова, аз шаҳри Хуҷанд, байни 18-солаҳо мақоми аввалро касб кард. Самандари Мирзоалӣ, аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, байни ҷавонони то 18-сола дар ҷои аввал қарор гирифт.
Инчунин, хонандагони макотиби миёнаи шаҳри Душанбе Муҳаммад Нуралиев байни шашкабозони то 10-сола, Мутрибаи Илҳом байни то 12-солаҳо ва Дилкушои Сулаймон байни то 14-солаҳо пирӯз гардиданд. Боз як намояндаи ноҳияи Ҳамадонӣ - Фирӯза Саидова -байни духтарони то 14-сола ғолиб шуд.
XS
SM
MD
LG