Пайвандҳои дастрасӣ

Радиои Озодӣ 55-сола шуд


Маркиел Даниел, яке аз раисони собиқи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ.

Маркиел Даниел, яке аз раисони собиқи Бахши тоҷикии радиои Озодӣ.

Дар арафаи солгарди 55-уми таъсиси радиои Озодӣ мо пойи сӯҳбат бо нахустин раиси бахши тоҷикии ин радио адиб, донишманд ва хабарнигори маъруф Музаффар Орифӣ, ки феълан дар Ню-Йорк ба сар мебарад, рафтем ва аввал аз ҳама аз устод Орифӣ аз таърихи чӣ гуна ташкил шудани бахши тоҷикӣ савол кардем.

Музаффар Орифӣ гуфт:

“Барои он ки мо дар арафаи бисёр рузи муборак - Навруз ҳастем, ман мехоҳам тамоми шунавандагони радиоро бо ин ид табрик кунам. Навруз муборак, Наврузи дилафруз муборак. Гап ҳамин ки вақте, мо соли 1975 сари кор омадем, аз шӯъбаи забони тоҷикӣ мардум чандон огаҳ набуданд. Он тобеъи шӯъбаи узбакӣ буд. Мо кушиш кардем, фаҳмонем, ки Тоҷикистон ин дигар аст, форсизабонҳо дигаранд ва таърихи бой ва маданияти бой доранд. Мо дархост кардем, ки бахши ҷудогона шавад. Хушбахтона, амрикоиҳо ин таклифро қабул карданд. Баъзеҳо албатта норозӣ буданд, чунки савол матраҳ мекарданд, ки чаро Қирғизистон алоҳида не, бахши Туркманистон алоҳида неву Тоҷикистон алоҳида шуд? Бо вуҷуди ин, мо барномаро шуруъ кардем ва кадрҳои нав пайдо шуданд.”

Бахши тоҷикӣ замоне пой ба арсаи ҳастӣ ниҳод, ки низоми шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд ва ҳиҷ аломате аз суқути он ҳанӯз дарак намедод. Мақомоти вақти шӯравӣ ҳаддалмумкин талош мекарданд, мавҷҳои пахши барномаҳои Радиои Озодиро дар қаламрави Шӯравӣ пахш кунанд ва касе ҳаққ ва имкони ба таври озод шунидани барномаҳои ин радиоро дар Шӯравӣ надошт. Сомеъони Радиои Озодиро ҳамчун душманони сохти Шуравӣ таъқибу муҷозот мекарданд. Музаффар Орифӣ, нахустин мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар соли 1975 онҳо дар ҳамин гуна як шароити сахти замони “ҷанги сард” ба роҳандозии барномаҳои тоҷикии ин Радио оғоз карданд:

“Он даври бисёр мушкил буд. Вақте бозсозӣ шуруъ шуд, мо корамонро аз навъ сар кардем. Ва як чизи аҷоибаш ин буд, ки робита бо шунавандагони тоҷик барқарор шуд, ҳарчанд ин кори бисёр мушкил буд.”

Музаффар Орифӣ мегӯяд, Радиои Озодӣ, тавре ниҳодҳои тарғиботии Иттиҳоди Шӯравӣ мехостанд дар зеҳнҳо ҷой кунанд, ба ҳеҷ навъ дасисабозиву тарғибу пропаганда машғул набуд, балки кушиш мекард, ба шунавандагон иттилоъи мукаммал ва дақиқ пешниҳод кунад. Устод Орифӣ мегуяд, дар давоми фаъолияти бахши тоҷикӣ шумори бузурге аз олимон, чеҳраҳои саршиноси фарҳанг, санъат ва сиёсатмадорони тоҷик меҳмони барномаҳои он будаанд.

Ба эътиқоди ӯ, ба хусус дар даврони ҷанги мудҳиши бародаркуш Радиои Озодӣ тамоми кушишашро ба харҷ супорид, то ҷонибҳои мухолифро ба ҳам наздик карда, дар овардани сулҳ ба мардуми ҷабрдидаи тоҷик кумак расонад.

Дар поёни суҳбат Музаффар Орифӣ, адиб ва хабарнигори собиқадори тоҷик ва нахустин мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ба тамоми мардуми тоҷик орзуҳои нек карда, изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон аз роҳи пешгирифтаи демократия пас нагардад ва мардумаш ҳамаи мушкилоти мавҷударо пушти сар карда, ба муроду мақсадаш бирасад.

XS
SM
MD
LG