Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Русия дар СММ, ки раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, масъалаи Тибет мавзӯъи Шӯрои Амният нест.

Дабири кулли СММ ҳарду ҷониби мухолифи ҳаводиси Тибет - ҳам нирӯҳои Чин ва ҳам тазоҳургарони тибетиро ба хештандорӣ даъват кард. Бан Гӣ Мун ҳамчунин хостори ҳалли сулҳомези ин масъала шудааст. Аммо ӯ кадом як тарҳи мушаххасе марбут ба дахолати СММ дар ин қазияро ироа накард.

Бо ин ҳол, сафири Русия Виталий Чуркин, ки дар ин моҳ раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, масъалаи Тибет мавзӯъи Шӯрои Амният нест. Ӯ аз баёнияи вазорати хориҷаи Русия иқтибос кард, ки мегӯяд, Маскав Тибетро бахши ҷудоинопазири Чин мешиносад.

Мақомоти Тибет мегӯянд, дар ҷараёни ошӯбҳои ҳафтаи гузашта дар Лҳаса 13 нафар кушта шуд. Аммо ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет шумори кушташудаҳо дар пойтахти Тибетро ҳудуди 80 нафар мегӯяд.

Маркази тибетии ҳуқуқи башар ва демократия, мақараш дар Ҳиндустон, дар бораи боздоштҳои оммавӣ дар Лҳаса, маркази Тибет гузориш медиҳад.

Мақомот хабарнигорони хориҷиро аз Лҳаса берун карда, сафари хориҷиён ба Тибетро низ манъ кардаанд.

Волии рӯ ба Чини Тибет гуфт, дар ҷараёни ошӯбҳои ҳафтаи гузашта дар ин қаламрав 16 нафар кушта шудаанд. Аммо ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет шумори кушташудагон дар ҷараёни он ошӯбҳоро тақрибан 80 нафар мегӯяд.

Дар ҳамин ҳол, сарвазири Чин гуфт, иддаъоҳои Далай лама дар мавриди "қатли оми тибетиҳо" чизе бештар аз дурӯғ нестанд.
XS
SM
MD
LG