Пайвандҳои дастрасӣ

Даъвати СММ аз ҷонибҳои зидахли Тибет


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ҳарду ҷониби зидахли ҳаводиси Тибет – ҳам нирӯҳои Чин ва ҳам тазоҳургарони тибетиро ба хештандорӣ даъват карда, хостори роҳи сулҳомези ҳалли ин масъала шудааст. Аммо ӯ кадом як тарҳи мушаххасе марбут ба дахолати СММ дар ин қазияро ироа накард.

Бо ин ҳол, сафири Русия Виталий Чуркин, ки дар ин моҳ раёсати давраии Шӯрои Амниятро бар ӯҳда дорад, гуфтааст, масъалаи Тибет мавзӯъи Шӯрои Амният нест. Ӯ аз баёнияи вазорати хориҷаи Русия иқтибос кард, ки мегӯяд, Маскав Тибетро бахши ҷудоинопазири Чин мешиносад.

Мақомоти Тибет мегӯянд, дар ҷараёни ошӯбҳои ҳафтаи гузашта дар Лҳаса 13 нафар кушта шуд. Аммо ҳукумати дар ҳиҷрат қарордоштаи Тибет шумори кушташудаҳо дар пойтахти Тибетро ҳудуди 80 нафар мегӯяд.

XS
SM
MD
LG