Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таассуфи Бан Ги-мун аз хушунатҳои Косово


Дабири кулли СММ Бан Ги-мун дар мавриди хушунатҳои дирӯзаи ақалияти серб алайҳи пулиси СММ ва нирӯҳои НАТО дар Митровитсаи Косово изҳори таассуф кардааст.

Бан Ги-мун дар як баёния аз давлати Сербистон тақозо кард, аз нуфузаш бар сербҳои Косово ба хотири фурӯ нишондани хушунатҳо ва додани имкони дубораи фаъолият ба СММ ва НАТО дар минтақа истифода кунад.

Русия, муттаҳиди Сербистон, ба навбаи худ, нирӯҳои байналмилалиро ба хештандорӣ даъват кардааст. Сафири Русия дар СММ Виталий Чуркин хостори азсаргирии музокирот роҷеъ ба таъйини сарнавишти ниҳоии Косово шуд.

Дар ҷараёни хушунатҳои дирӯза дар шаҳри умдатан сербнишини Митровитса, дар шимоли Косово беш аз 60 тан аз ҳайъати пулиси байналмилалӣ ва нирӯҳои байналмилалии таъмини сулҳ ва беш аз 70 нафар аз тазоҳургарон ҷароҳат бардоштанд. Ошӯбҳо вақте ба вуқӯъ пайвастанд, ки нирӯҳои пулиси СММ талош карданд, сохтмони додгоҳро, ки қозиёни собиқаш 3 рӯз пеш тасарруф карда буданд, озод кунанд.

XS
SM
MD
LG