Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Касе Олимпиадаи Пекинро таҳрим карданӣ нест"


Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ Жак Рогге гуфт, ҳеҷ кишваре то кунун ба нишони эътироз ба саркӯб кардани тазоҳуроти Тибет аз сӯи мақомоти Чин ба бойкоти Бозиҳои Олимпии Пекин даъват накардааст.

Рогге гуфт, Иттиҳодияи Аврупо ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон гуфтаанд, бойкот роҳи ҳалл нест.

Кумитаҳои олимпии Русия ва Амрико низ гуфтаанд, ки бо пешниҳоди таҳрими Бозиҳои Олимпӣ розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG