Пайвандҳои дастрасӣ

Амиқтар шудани таниш байни Беларус ва Амрико


Вазорати хориҷаи Беларус аз Амрико хостааст, шумори кормандони сафораташ дар Минскро боз ҳам камтар кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш сафири Амрико дар Беларус Карен Стюарт Минскро тарк карда буд.

Дархости ахири вазорати хориҷаи Беларус таниши уфтода дар равобити дипломатии Минску Вошингтонро, ки дар пайи таҳримоти алайҳи ширкати “Белнефтехим” эълонкардаи Амрико оғоз ёфт, амиқтар мекунад.

Беларус ба нишони эътироз ба таҳримоти эълонкардаи Амрико аз сафири Амрико тарки қаламравашро хоста, сафири худро низ аз Вошингтон фаро хондааст. Минск таҳримоти Амрикоро “нақзи рӯирости қавонини байналмилалӣ” меномад.

XS
SM
MD
LG