Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Арманистон раҳпаймоиҳоро маҳдуд кард


Парлумони Арманистон дар роҳи баргузории раҳпаймоиҳову намоишҳои эътирозӣ маҳдудияти бештар ҷорӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки вазъи фавқулодда дар кишвар рӯзи ҷумъаи ҳафтаи ҷорӣ ба поён мерасад ва мақомот тарс доранд, ки мухолифин ба нишони эътироз ба натоиҷи эълоншудаи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи феврал дубора ба хиёбонҳо хоҳанд рехт. Тазоҳуроти қаблӣ дар Ереван мунҷар ба ошӯбҳои пурқурбонӣ ва эълони вазъи фавқулодда барои 20 рӯз шуд.

Дар ошӯбҳои Ереван 8 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шуда буданд.

XS
SM
MD
LG