Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин бо Райс ва Гейтс


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, аз ҳамтои амрикоияш Ҷорҷ Буш "як санади ҷиддӣ" дарёфт кардааст, ки роҳҳои расидан ба пешрафт дар равобити байни Маскаву Вошингтонро дар бар мегирад. Аммо Путин, ки қабл аз мулоқоташ бо вузарои дифоъ ва хориҷаи Амрико Роберт Гейтс ва Кондолиза Райс дар Маскав сӯҳбат мекард, дар бораи ҷузъиёти номаи Буш чизе нагуфт.

Ин ду мақоми баландпояи амрикоӣ дирӯз ҳамчунин бо Дмитрий Медведев, ки моҳи май Путинро дар курсии раёсати ҷумҳурии Русия иваз хоҳад кард, мулоқот доштаанд.

Гейтс гуфт, Амрикову Русия шояд то авоили соли оянда пиромуни барномаи истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Лаҳистону Чехия ба тавофуқ даст биёбанд.

XS
SM
MD
LG