Пайвандҳои дастрасӣ

Хушунатҳо дар Афғонистон идома доранд


Ҳамлаи интиҳорӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон 7 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Дар натиҷаи ин ҳамла 3 сарбози хориҷӣ - ду сарбози Дания ва як сарбоз аз Ҷумҳурии Чех – ва ҳамин тавр, тарҷумони афғони онҳо ва 3 раҳгузар кушта шудаанд.

Сухангӯи Айсаф, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО амал мекунанд, дар ҳамин ҳол, хабар дод, ки дар асари як ҳамла дар улусволии Гиришк 4 сарбози Айсаф ва тақрибан 6 нафар аз мардуми маҳаллӣ захм бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG