Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори гирифторони сил 277 нафар бештар шудааст


Танҳо дар соли равон ба бемористони сили Тоҷикистон 277 нафари мубтало ба маризии сил муроҷиат кардаанд. Аз ин миён 38 нафар муҳоҷирине будаанд, ки дар Русия ба ин маризӣ печидаанд.

Саидаҳмад Рустамов, сарпизишки бемористони сил гуфт, дар байни муҳоҷирин 8 нафари гирифтор ба Эйч-Ай-Ви, ангезандаи бемории қаттоли Эйдз низ сабт шудааст.

Тибқи таҳқиқоти ахиран анҷомдодаи вазорати беҳдошти Тоҷикистон ва барномаи Ҳоуп, дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар беш аз 6 ҳазор нафар мубталои бемории сил сабт шуда, теъдоди онҳо рӯ ба афзоиш будааст.

Бо ин ҳол, барои муолиҷаи як мубталои сил дар Тоҷикистон солона ҳамагӣ 47 доллари амрикоӣ ихтисос дода мешавад.

XS
SM
MD
LG