Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду сарбози Дания дар Афғонистон


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи мунфаҷира дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ду низомии Дания ва се сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилоъи низомиёни эътилофи байнулмилалӣ, мошинро маргталаб дар канори патрули неруҳои таҳти фармони НАТО инфиҷор кардааст. Ин ҳодиса дар минтақае рух додааст, ки он ҷо чанд моҳ боз Толибон бо неруҳои ҳукуматӣ ва байнулмилалӣ муқовимати шадид мекунанд.

XS
SM
MD
LG