Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Наҷот» – наҷоти нашъамадону майзадагон?


«Наҷот» – аввалин Маркази бисёрсоҳаи табобати нашъмандӣ дар вилояти Суғд 17-уми март ифтитоҳ ёфт.

Ин марказ аз як бинои дуошёна иборат буда, дар маҳалли Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст. Далел Тошматов, сардори идораи тандурустии Суғд, дар маросими бозшавии ин марказ гуфт: «Ин марказ бисёрсоҳа буда, дорои 40 адад ҷой мебошад. Акнун ҳар нашъманд ва майзада ба инҷо муроҷиъат намуда, дар он табобати хуби замонавӣ пайдо карда метавонад».
Ӯ афзуд, Маркази нави табобати нашъамандон ва майзадагон аз табобатгоҳҳои маъмулӣ бо он фарқ дорад, ки дар инҷо муътодон марҳалаҳои табобатҳои доруву дармонӣ ва баъдиро таҳти назорати табибон сипарӣ мекунанд.
Марказ бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ ва таъмин карда шудааст.
Ба таъйиди Д. Тошматов, ин ҳама табобатро аз ҳисоби маблағи хайриявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табибони варзида ройгон ба нашъамандон мерасонанд.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд беш аз 1500 нафар нашъаманд расман ба қайд гирифта шуда, шумори онҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Ба гуфтаи табибони ин марказ, бисёри нашъамадон ҷавон мебошанд ва танҳо дар соли гузашта 230 нафар нашъаманди нав сабти ном шудаанд.
Кип Бертслӣ, маслаҳатгари USAID, Тоҷикистонро дар қатори дигар кишварҳои Осиёи vарказӣ дар муқобили героин ва нашъамандиву бемории норасоии масунияти бадан осебпазир хонда, дар чунин вазъ кушода шудани як табобатгоҳи замонавии алайҳи нашъмандиро дар вилоят гоме муҳкам дар муқобала бо ин мушкил номид. Ӯ афзуд, ки вижаи минтақаи Осиёи марказӣ ва Тоҷикистон бо Афғонистон, як кишвари аслии содиркунандаи маводди мухаддир, ҳаммарз аст ва дар инҷо ҳероин назар ба бисёр манотиқи дунё дастрастар ва арзон аст. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ҷаноби Бертслӣ, дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти табобати нашъмандӣ бисёр дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаҳои пешқадам ҳосил кардаанд, ки қабул ва корбурди онҳо дар Тоҷикистон басо муҳим хоҳад буд.
USAID – Барномаи рушди Созмони милали муттаҳид – дар кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон барномаи коҳиши талабот ба маводди нашъаоварро пиёда мекунад.
Маркази алайҳи нашъмандии «Дина», табобатгоҳи нашъмандӣ ва Ожонси назорат ба гардиши маводди мухаддир бо кумакҳои молии USAID барномаҳои пешгирӣ ва табобати нашъамандиро пиёда мекунанд.
XS
SM
MD
LG