Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сарнавишти ҳизби ҳукмрон баъди 10 рӯз ҳал мешавад


Додгоҳи Қонуни асосии Туркия изҳор намуд, ки дар мавриди қатъ кардан ё накардани фаъолияти Ҳизби ҳукмрони Адолат ва рушд баъд аз даҳ рӯз тасмим хоҳад гирифт. Ду рӯз пеш Абдураҳмон Ёлчинкиё, Додситони кулли Туркия аз Додгоҳи Қонуни асосӣ хост, ки “барои амалҳои зидди ҷомеъаи шаҳрвандӣ” фаъолияти ҳизби Адолат ва рушдро мамнӯъ эълон кунад ва тақрибан 70 сиёсатмадори ин ҳизб ба шумули сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғонро аз ҳаққи тайи панҷ соли оянда ширкат кардан дар ҳаёти сиёсии кишвар маҳрум созад.

Аҳзоби ҷонибдор аз ҷомеъаи шаҳрвандии Туркия аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки бо ибтикори Ҳизби Адолат ва рушд ба занону духтарони кишвар барои бо рӯсарӣ ба мактабу донишгоҳ рафтан иҷоза дода шуд. Амр дар бораи манъи рӯймол дар макотиби олии Туркия 80 сол пеш аз сӯи поягузори давлати Туркия Камол Отатурк содир ва ҳадафи он “ҷудо кардани маориф аз мазҳаб” эълон шуда буд.

XS
SM
MD
LG