Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Далай Лама хостори тафтиши ҳаводиси Тибет шуд


Бар асари тазоҳурот дар Тибет 13 нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора волии Тибет Чампа Пхунтсок хабар дод ва гуфт, ки мақомот дар куштор даст надоранд, зеро неруҳои амниятӣ ҳангоми саркӯб кардани намоишҳои эътирозӣ аз силоҳ истифода накардаанд.

Ҳукумати фирории Тибет қаблан эълом дошт, ки ҳангоми саркӯб шудани тазоҳурот 80 нафар ба ҳалокатс расидаанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, бенизомиҳо вилоятҳои Сичуан, Синдао ва Гансуро ҳам фаро гирифтаанд.

Далай Лама, раҳбари рӯҳонии Тибет, ки дар Ҳиндустон ба сар мебарад, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард то сабабу омилҳои аз сӯи мақомоти Чин саркӯб шудани бузургтарин намоиши эътирозии солҳои ахир барои истиқлоли Тибетро тафтиш кунанд.

XS
SM
MD
LG