Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Задухурд дар Митровитса


Дар шаҳри Митровитса, воқеъ дар шимоли Косово миёни пулиси Созмони милали Муттаҳид ва сербҳои маҳаллӣ задухурд ба вуқуъ пайваст, Гуфта мешавад, ки дар ин ҷо бар асари инфиҷор се корманди пулис ва дасти кам ду низомии неруҳои посдори сулҳи НАТО ҷароҳат бардоштанд. Сабабҳои инфиҷор ҳанӯз маълум нест.

Задухурд дар Митровитса баъди он шурӯъ шуд, ки пулис бинои додгоҳи Созмони Миллалро таҳти назорат гирифт ва даҳ нафар аз ишғолгаронро боздошт кард. Ин бино чанд рӯз пеш аз сӯи сербҳои маҳаллӣ забт карда шуда буд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, издиҳоми мардум мошинҳои пулисро дар ҳалқа гирифт ва чанд тан аз боздоштшудагон аз ҷойи ҳодиса фирор карданд. Ба хотири пароканда кардани издиҳом пулис аз гази ашковар истифода кард. Сокинони маҳаллӣ сӯи кормандони пулис санг андохтанд. Як мошини Созмони Миллали Муттаҳид ба оташ кашида шуд.

XS
SM
MD
LG