Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷакент: тӯфони шадид ва хисороти зиёд


15 – 16-уми март дар ноҳияи Панҷакент тӯфони шадиде бархост, ки аз он теъдоди зиёди боми хонаҳои истиқоматии мардум ва хатҳои алоқа зарар диданд.

Тӯфон ҳамчунин дар баъзе аз деҳоти ин ноҳия дарахтонро решакан ва мавҷгирҳои моҳвораии мардумро афкандааст. Ба гуфтаи коршиносон, вазиши суръати тӯфон аз 30 то 55 метр дар сонияро ташкил мекард, ки ин аз меъёри муқаррарӣ 3 – 5 маротиба зиёд будааст.
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби коршиносон хисороти вориднамудаи тӯфон ҳисоб карда мешавад. Ин ҳам дар ҳолест, ки, бар тибқи ҳисобҳои пешакӣ, 500 манзил тахриб дидааст.
XS
SM
MD
LG