Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори кушташудаҳо дар Вазиристон ба 20 расид


Зарбаҳои мушакӣ дар наздикии марзи Покистон бо Афғонистон, ки ҷангиёни марбут ба Толибон ва Ал-Қоидаро ба ҳадаф доштааст, дирӯз то 20 нафарро кушта бар ҷой гузошт. Ин ҳамла дар яке аз минтақаҳои қабиланишини вилояти Вазиристони ҷанубӣ сурат гирифтааст. Хабаргузориҳо тахмин мезананд, ки шояд ин ҳамларо ҷангандаҳои амрикоӣ анҷом дода бошанд. Аммо ин хабар расман таъйид нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, FBI, Созмони федеролии тафтишотии Амрико гуфт, рӯзи шанбе дар асари таркиши амб дар яке аз тарабхонаҳои Исломобод 4 ходимаш ҷароҳат бардоштаанд. Дар асари он ҳамла як зани турк кушта ва 11 нафар маҷрӯҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG