Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон 9 маҷаллаи тафреҳӣ баста шуд


Мақомоти Эрон фаъолияти 9 маҷаллаи тафреҳӣ ва роҷеъ ба масоили синаморо ба далели, ба гуфтаи мақомот, нашри ахбори бардурӯғ дар бораи ситораҳои синамои хориҷӣ ва рӯзгори хусусии онҳо манъ кардааст. Хабаргузории донишҷӯёни эронӣ, ИСНО, менависад, дастури манъи фаъолияти ин нашрияҳоро кумисиюни матбуоти давлати Эрон содир кардааст. Ин кумиссиюн ҳамин тавр, 13 нашрияи дигарро ҳушдор додааст.

Дар байни нашароти басташуда маъруфтаринҳояш “Дунёи тасвир”, “Субҳи зиндагӣ”, “Талош” ва маҷаллаи “Ҳафт” будаанд.
XS
SM
MD
LG